734003, Республика Таджикистан,
г.Душанбе, п.Рудаки, 139

Электронная почта: lib@tajmedun.tj

TJ

Таърихи ганҷинаи пурасрор

Китобхонаи илмии Донишгохи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Соли 1939 бо қарори Шӯрои комиссиариати халқии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода шуд, ки донишкадаи чорум ба ҳисоб мерафт. Ҳамон сол донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд.Директори якуми ДДТТ Краус Адолф Андреевич таъйин карда шуд. Маҳз маҳорати баланди ташкилотчиги ӯ буд, ки дар донишкадаи навтаъсисшуда ҷараёни хониш дар муҳлати кӯтоҳ ба роҳ монда шуд. Донишкадаҳои Москва ва Ленинград ба донишкадаро бо таҷҳизот ва фонди китобӣ таъмин намуданд. Аз 1 –уми сентябри соли 1939 Китобхонаи донишкада ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 1941 фонди китобхона ба 6 ҳазор нусха расид. 25 окт. 1941 китобхона бо киторбхонаи марказии тиббии Комиссариати халқии тандурустии Тоҷикистон (КХТТ) муттаҳид карда шуд ва Қитобхонаи марказии тиббии ДДТТ ном гирифт. Фонди китобхона афзуд, ба донишҷӯёндар асоси «дафтарчаи хонандагӣ» китоб дода мешуд.

Соли 1951 китобхонаи илмӣ- тиббиро ҷудо карда, ба бинои дигар кӯчонданд. Дар натиҷа китобҳо низ тақсим шуда, дар китобхонаи донишгоҳ фақат китобҳои дарсӣ боқӣ монданд. Соли 1951 мудири китобхона Бондаренко Нина Алексеевна таъйин карда мешавад,ки то январи соли 1962 дар вазифаи мудири китобхона фаъолият намудааст. Китобхона дорои 2 шуъба : шуъбаи пуррагардонӣ ва коркарди адабиёт ва шуъбаи хизматрасонӣ бо толори хониш ва абонемент мебошад. Ҳайати кормандони китобхонаро 12 нафар ташкил медод. Бо зиёд шудани шумораи донишҷӯён фонди китобхона, шумораи хонандагон ва доду гирифти китоб низ зиёд мешавад.

Аз с.1962 то 1967 роҳбарии китобхона ба зиммаи Субботина Полина Яковлевна буд.

Соли 1967 роҳбарии китобхона ба Колоскова Фаина Георгиевна вогузошта мешавад.Аз ҳамон сол сар карда, таҳти роҳбарии Фаина Георгиевна фаъолияти китобхона вусъат ёфт. Ҳамаи нақшаю ҳисоботҳои китобхона муқовабандӣ карда шуда, нигоҳ дошта шудаанд. Китоби суммарии баҳисобгирии фонди китобхона ҷорӣ шуд.

Соли 1970 шӯъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ кушода шуд. Ҳамон сол кормандони китобхона дар озмун бахшида ба 100- солагии В.И.Ленин иштирок кара, ҷои аввалро ишғол намуданд ва сазовори Грамотаи фахрии Вазорати маданияти СССР шуданд. Кормандони зиёди китобхона бо Грамотаҳои Фахрии Вазорати маориф ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Фонди китобхона ба 166 ҳаз. нусха расид, феҳрист (алифбоӣ, мураттабӣ, предметӣ) ва картотекаи маводи маҷаллаҳои тиббӣ тартиб дода шуд. Ҳайати кормандони китобхонаро 22 нафар, хонандагон 5737 нафарро ташкил карданд

Солҳои 80-ум фаъолияти китобхона хеле боло рафт, фонди он 455 ҳазор нусха китобро ташкил медод. Ҳайати кормандон афзуда (31 нафар), картотекаи таъмини раванди таълим бо адабиёти зарурӣ тартиб дода шуд. Ба китобхона давоми сол то 30 ҳазор нусха китоби нав ворид мегардид.

Соли 1990 дар китобхона 39 нафар китобдорон кор мекард. Фонди китобхона дорои 525 ҳазор нусха адабиёт буд. Дар хобгоҳҳои № 7 ва № 9 толорҳои хониши нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Солҳои 90-ум бо сабаби аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мутахассисон ва ворид нашудани адабиёти нав, фаъолияти бардавому муташак-килонаи китобхонаи донишгоҳ ба роҳ монда шуда, бозгашти саривактии адабиёти таълимӣ ва ба ин восита ҳифзи фондҳои китобхона аз парешонӣ таъмин карда шуд.

Аз с. 1998 то 2005 воридоти адабиёт ба китобхона ҳар сол аз ҳисоби маблағ-ҳои хусусии донишгоҳ то 500 нусха ташкил медод.

Соли 2008 ташрифи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва китобхона. Ифтитоҳи донишгоҳ баъди сӯхтор ва расман кушодашавии китобхонаи электронӣ бо 70 компютер таҷҳизонида шуда, бо фонди 7000 нусха китобҳои электронӣ ва лексияҳои электронӣ ба фаъолият сар кард. Худи ҳамон сол дар асоси гранти Дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейтсария 6595 нусха адабиёт ба малағи 194076 доллари амрикоӣ ва рафҳои китобӣ ба маблағи 17391 доллари амрикоӣ ва гранти Бонки рушди Осиё дар асоси Лоиҳаи системаи тандурустии Тоҷикистон-2253 нусха адабиёт ба маблағи 50 000 доллари амрикоӣ ворид мегардад.

Соли 2009 фонди китобхона аз 465436 нусха адабиётро ташкил карда, ҳар сол то 70 номгӯй маҷаллаю рӯзномаҳои Федератсияи Россияро дастрас мекунад. Бахшида ба 70 солагии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино нашри китоби «Нишондиҳандаи библиографии «Олимони тибби тоҷик», ки 1374 тасвири библиографии рисолаҳои илмии олимони тибби тоҷикро дар бар мегирад, ки он аз 1177 рисолаи номзадӣ илмӣ ва 197 рисолаи доктори илмӣ иборат аст, аз чоп мебарояд.

Соли 2011 нашр гардидани як қатор дастурҳои библиографӣ:

1. Дастури таълимии «Асосҳои библиография», ки барои донишҷӯёни факултети тиббӣ, стоматологӣ, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва фармасевтӣ тавсия шудааст.

2. Нишондиҳандаи библиографии «Нашрияҳои электронӣ оид ба ҷарроҳӣ».

3. Фаъолияти «Феҳристи электронии китобхона» дар хати локалии китобхона ба роҳ монда шуд;

4. Расман кушодашавии Китобхонаи электронӣ дар:
• дар бинои нави таълимӣ бо 60 ҷои нишаст, 11 компютер ва фонди китобӣ (зиёда аз 1000 нусха);
• дар хобгоҳи №7 бо 80 ҷои нишаст, 11 компьютер ва фонди китобӣ (зиёда аз 1000 нусха);

5. Аз 14 феврали солӣ ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намудани шӯъбаи автоматикунонии китобхона, ки бо мутахасисони соҳибтаҷриба пурра гардонида шудааст.

6. Моҳи феврали с.2011 ба фаъолият шурӯъ намудани сомонаи китобхона

Соли 2012

• Бо мақсади тарғиби адабиётҳои чопӣ ва электронӣ аз тарафи кормандони китобхона чопи дастури библиографии ва бюллетени адабиётҳои нав ба роҳ монда шудааст;
• Имконияти дастрасии ПМ «TajikistanVSL» ба роҳ монда шуд;
• Барои дастрас намудани пойгоҳҳои маълумотии мукаммалматн бо ПМ-и ARDI шартнома баста шудааст.
• Гузаронидани семинар-тренинг байни аспирантони донишгоҳ оид ба ҷустуҷӯи иттилоот дар ПМ-и «TajikistanVSL»;
• Ташкил ва гузаронидани семинар барои китобдорони китобхонаҳои донишгоҳҳо: Моҳи ноябри соли ҷорӣ семинари китобдорони китобхонаҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ таҳти унвони: «Пойгоҳҳои маълумотии электронӣ, ҳамчун манбаи муҳими ташаккули фонд- Методҳои ҷустуҷӯи иттилоот дар ПМ-и «TajikistanVSL» ва «HINARI»;

Соли 2013

• Ба китобхона додани мақоми нав: «Китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (қарори Шӯрои олимони ДДТТ аз 28.06.с.2013, №11)
• Ба роҳ мондани гузаронидани чорабинӣ аз силсилаи «Ҳаёти шахсони наҷиб»;
• Ба роҳ мондани ташкил ва гузаронидани семинар-тренинг барои аспирантони донишгоҳ ва берун аз донишгоҳ, барои китобдорони донишгооҳҳо оид ба ҷустуҷӯи иттилоот дар ПМ-и «TajikistanVSL», e-library

Соли 2014 китобхонаи илмии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино иштирокчии озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2014, ки бахшида ба «Рӯзи китоб» буда, барои ишғоли «Ҷойи дуюм» дар номинатсияи «Китобхонаи сол» бо «Дипломи дараҷаи 2» ва тӯҳфа, сарфароз гардонида шуд.
• Ду мақола дар бораи фонди нодири китобхона зери номи “Медицинская книга дореволюционной России в научной библиотеке ТГМУ им. Абуали ибни Сино” ва “Медиатека НБ Таджикского Государственного Медицинского университета им. Абуали ибни Сино» дар маҷаллаи «Вестник Ассамблеи Евразии» №2-2014 , №4- 2014 нашр гардид.

Соли 2015 Дар китобхонаи илмии донишгоҳ Семинари байналмилаллии “ Springer day”бо иштироки намояндагони нашриёти Springer дар Осиёи Марказӣ барои тамоми китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Соли 2016 Бо мақсади тарғиби адабиёти электронӣ ва чопӣ 4 номгӯй дастури библиографӣ, 2 мақола дар маҷаллаи «Авҷи зуҳал» ва маводи конференсия, 10 нишондиҳандаи библиографии гуногун бо теъдоди 2622 саҳифа чоп карда шуд.

Соли 2017 Китобхонаи илмии донишгоҳ ба бинои нави таълимӣ воқеъ дар ш.Шифобахш кучонида шуд, барои донишандузии хонандагони китобхонаи илмӣ толорҳои зебову барҳаво ва шароити мусоид фароҳам аст. Бо зиёд шудани масоҳати китобхонаи илмӣ (2,75 маротиба зиёд) аз 795 м.кв (с.2008) то ба 2193,26м.кв дар с.2017 -фаъолияти «Толори Синошиносӣ», «Толори илмӣ», толори электронӣ, толори хониш ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷаи ин давомот ва додугирифти адабиёт низ зиёд гардидааст, ки ин нишондодҳо нисбат ба с.2008- 4 маротиба зиёд мебошанд. Миқдори ҷои нишаст дар толорҳо (аз 149-и с.2008 то 818 ҷои нишаст дар с.2018) зиёд карда шуд, ки нисбат ба с.2008-5,48 маротиба зиёд шудааст. Теъдоди кормандони китобхона аз 15 дар с.2008 то 24 нафар дар с.2018) зиёд карда шудааст.Воридоти адабиёти таълимӣ ва ғанисозии фонди китобхонаи илмии донишгоҳ сол ба сол афзоиш меёбад. Дар давраи солҳои 2008-2018 дар маҷмӯъ 149899 нусха адабиёт (58955 нусхаашон ба забони давлатӣ) ба маблағи 4.413.991 сомонӣ ба китобхонаи илмии донишгоҳ ворид гаштааст. Дар натиҷаи корҳои пурсамари ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ, ки таи даҳ соли охир аз тарафи онҳо зиёда аз 220 номгӯй бо теъдоди 31400нусха адабиёти таълимӣ ба забони давлатӣ таҳия шудааст ва таъминотнокии раванди таълим бо адабиёт ба забони давлатӣ ба 100% расидааст. Имрӯз китобхона ба истифодабарандагони худ барои дастрасии ҳуҷҷатҳои мукаммалматн дар реҷаи off-line ва on-line (китобҳои электронӣ, лексияҳо, мақолаҳои маҷаллаҳои илмии ФР ва хориҷӣ, видеофилм) шароит фароҳам овардааст. Ҳоло Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар қатори намоёнтарин китобхонаҳои донишгоҳӣ буда, аз лиҳози фондҳои мавҷуда беҳтарин ва калонтарин китобхонаи тахассусӣ ба шумор меравад. Китобхона соҳиби таърихи пуршараф аст, аз соли таъсиси Донишкадаи тиббӣ фаъолият дошта, ба ташаккули анъанаҳои хоссаи китобдории худ муваффақ гаштааст. Таи солҳои дароз маҳсули зиёди нашриётиро дастраси мухлисони адабиёти тиббӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи он гардонидааст, дастоварду китобҳои тибби муосири тоҷикро тарғибгарӣ асосӣ буду ҳаст.

Роҳбарони китобхона

1939-1940 Фахрутдинова Г.А

1940-1941 Зеленина Л.Я.

1941-1942 Шарамкова Е.М

1942-1951 Гусева Н.А.

1951-1962 Бондаренко Н. А.

1962-1967 Субботина П. Я.

1967-1985 Колоскова Ф.Г.

1985- то ҳозир Хайруллоева С.Э.

Солномаи китобхона

Соли 1939 Фонди китобхона- 2000 нусха Роҳбари аввалини китобхона - Фахрутдинова Г.А Кормандони китобхона – 1 нафар

Соли 1940 Роҳбари китобхона - Зеленина Л.Я Кормандони китобхона – 3 нафар Таъсиси Шӯрои китобхона

Соли 1941 Мудири китобхона Шарамкова Е.М. Фонди китобхона 3640 ҳазор нусха

Соли 1942-1951 Фармони №243 оиди «Якҷоякунии китобхонаи марказии тиббии Наркомздрави РСС Тоҷикистон бо китобхонаи Донишкадаи тиббӣ» ва «Ташкили китобхонаи марказии тиббӣ дар Донишкадаи тиббӣ» бароварда мешавад. Мудири китобхона Гусева Надежда Александровна

Соли 1951 Соли 1951 бо қарори Коллегияи Вазорати тандурустӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба кормандони тибби Тоҷикистон китобхонаи донишкада аз китобхонаи илми-тиббии Ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шуд. Мудири китобхона- Бондаренко Нина Алексеевна

Соли 1962 Мудири китобхона-Субботина Полина Яковлевна

Соли 1967 Мудири китобхона Колоскова Фаина Георгиевна Фонди китобхона-147080 нусха Кормандони китобхона–13 нафар Шумораи хонандагон-3387 нафар Ҷорӣ намудани китоби суммарии баҳисобгирии фонди китобхона.

Соли 1970 Кушодашавии Шӯъбаи маълумотдиҳи-библиографӣ Фонди китобхона 166000 нусха

Соли 1977 Фонди китобхона-295631 нусха Кормандони китобхона–22 нафар Шумораи хонандагон-5737 нафар Китобхона дорои-10 феҳраст Кушодашавии филиали аввалини китобхона дар хобгоҳи №7 бо 120 ҷои нишаст.

Соли 1985 Мудири китобхона Хайруллоева С.И. Шумораи кормандон 31нафар Фонди китобхона 458 ҳазор нусха

Соли 1987 Фонди китобхона -504861 нусха Кормандони китобхона –31 нафар Шумораи хонандагон- 7450 нафар

Соли 1988 Кушодашавии филиали китобхона дар хобгоҳи №8 ва 9

Соли 1990 Фонди умумии китобхона-559008 нусха Шумораи кормандони китобхона-39 нафар Фонди китобхона-525 000 нусха

Соли 1995 Фонди умумии китобхона- 493957 нусха Фармони махсуси ректори донишгоҳ профессор Исҳоқӣ Ю.Б. оид ба китобхона супоридани нусхаи ҳатмии адабиёти таълимӣ, методӣ ва илмие, ки аз тарафи кормадони кафедра нашр мегардад.

Соли 1999 Фонди китобхона-498319 нусха Аввалин воридоти адабиёт аз ҳисоби муассисаҳои байналхалқӣ

Соли 2000 Фонди китобхона-499971 нусха Воридоти умумии адабиёт Чопи нишондиҳандаи библиографии: «Рисолаҳои илмии олимони Тоҷикистон оид ба тиб»

Соли 2004 Фонди китобхона-504312 нусха Воридоти умумии адабиёт -2655 нусха Кормандони китобхона иштирокчии лоиҳаи «Ташкили факултаи нигаҳдории тандурусти ҷамъиятӣ» Чопи нишондиҳандаи библиографии рисолаҳои илмии оилмони Тоҷикистон оид ба тиб (аз с.1938то 2003)

Соли 2005 Фонди китобхона- 485760 нусха Воридоти умумии адабиёт- 2040 нусха Таъминотнокии раванди таълим- 46,8% Барои донишҷӯёни курсҳои 2-ми ҳамаи факултаҳо ҷорӣ намудани дарс аз фанни «Асосҳои библиография»

Соли 2006 Фонди китобхона- 474187 нусха Воридоти умумии адабиёт- 14464 нусха Таъминотнокии раванди таълим-59,14% Китобхона дорои пойгоҳи маълумотҳои иттилоотии ҳуқуқии маълумот «Адлия» Воридоти адабиёт аз ҳисоби фонди Сорос 133 нусха адабиёти таълимӣ ба маблағи -5000$

Соли 2007 Китобхона бо мадади фонди СОРОС бар ивази 3245 $ дорои барномаи автоматикунонии равандҳои китобхона «ИРБИС» Воридоти умумии адабиёт- 7624 нусха Таъминотнокии раванди таълим-81,1% Ташкили феҳрасти электронӣ Бо қарори Шӯрои олимон аз 31 август дар китобхона ҷорӣ намудани хизматрасонӣ ба тариқи гарав. Гранти Дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейтсария барои дарёфти - 5303 нусха адабиёти таълимии тиббӣ ба маблағи 565430,85с.

Соли 2008 Фонди китобхона 465436 нусха Шумораи хонандагон- 7518 нафар Таъминотнокии раванди таълим бо адабиёти таълимӣ-90,34% Ташкили бонки лексияҳо-варианти электронии лексияҳои муаллимони донишгоҳ Дар сохтори китобхона таъсиси китобхонаи электронӣ Гранти Дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейтсария –барои харидории 6595нусха адабиёти таълимӣ ва илми-тиббӣ ба маблағи-663740,00 сомонӣ Гранти Маркази идораи лоиҳаи системаи тандурустии Бонки Рушди Осиё- барои харидории 2253 нусха адабиёти таълимӣ ва илми-тиббӣ ба маблағи 171000,00 сомонӣ

Соли 2009 Китобхонаи шахсии профессор М.Расулӣ ба китобхонаи донишгоҳ (мерос гузошта шуд) тӯхфа карда шуд. Якумин қадамҳо оид ба рақамикунонии китобҳои китобхона:
• «Фарҳанги тиббӣ»-и Расулӣ М.Я.
• «Детская отриноларингология»-Исҳоқӣ Ю.Б.
• «Дарснома»-и Исҳоқӣ Ю.Б.
• «Психатрия»-и Ғуломов М.Г.
• «Равонпизишкӣ»-и Ғуломов М.Ғ.
• «Курси лексияҳо аз ҷарроҳии госпиталӣ»-и Усмонов Н.У.
• «Курс лекций по госпитальной хирургии» Усмонов Н.У.

Соли 2012

• Кушода шудани «Толори тиб ва табиатшиносӣ» дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон
• Баста шудани шартнома барои дастрасиии пойгоҳи маълумотии мукаммалматни ARDI;
• Бо мақсади тарғиби адабиётҳои чопӣ ва электронӣ нашр намудани дастури библиографӣ ва бюллетени адабиётҳои нав ба роҳ монда шуд;
• Иштироки ду корманди китобхона дар семинари минтақавии HINARI оид ба омӯзиши техника ва стратегияи ҷустуҷӯи иттилоти тиббӣ дар Интернет ва истифодаи босамари барномаи HINARI дар ш.Бишкек;
• Ташкил ва гузаронидани семинар барои китобдорони китобхонаҳои донишгоҳҳо: Семинари китобдорони китобхонаҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ таҳти унвони: «Пойгоҳҳои маълумотии электронӣ, ҳамчун манбаи муҳими ташаккули фонд- Усулҳои ҷустуҷӯи иттилоот дар ПМ-и «TajikistanVSL»ва «HINARI»;

Соли 2013

• 28.06.с.2013 Бо назардошти рушди китобхонаи донишгоҳ ва ҳамзамон ғанӣ гардонидани фонди адабиётҳои илмӣ дар солҳои охир бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба китобхона мақоми нав «Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон» дода шуд.
• Гузаронидани чорабинӣ аз силсилаи «Ҳаёти шахсони наҷиб»;

Соли 2014

• Дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2014, ки ба «Рӯзи китоб» бахшида шуда буд, Китобхонаи илмии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино барои ишғоли «Ҷойи дуюм» дар номинатсияи «Китобхонаи сол» бо «Дипломи дараҷаи 2» ва тӯҳфа сарфароз гардонида шуд.
• Мудири китобхона Хайруллоева С.И. бо нишони «Аълочии маориф» сафароз гардонида шуд.
• Ду мақола дар бораи фонди нодири китобхон:“Медицинская книга дореволюционной России в научной библиотеке ТГМУ им. Абуали ибни Сино” ва “Медиатека НБ Таджикского Государственного Медицинского университета им. Абуали ибни Сино» дар маҷаллаи «Вестник Ассамблеи Евразии» №2-2014 , №4- 2014 аз чоп баромад;

Соли 2015

• Дар ҳамкорӣ бо китобхонаи Донишкадаи Санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Оилаи солим бунёд мекунем» бо иштироки мутахассисони донишгоҳи тиббӣ гузаронида шуд;
• Семинари байналмилаллии “Springer day” бо иштироки намояндагони нашриёти Springer дар Осиёи Марказӣ Сеймур Расулов ва Ирина Александрова, аспирант ва унвонҷуёни донишгоҳҳои Тоҷикистон гузаронида шуд;
• Иштироки корманди китобхонаи илмӣ дар конференсияи IV-уми байналмиллалӣ «РОСМЕДОБР-2015 «Таълими технологияи инноватсионӣ дар тиб;

Соли 2016

• Намоиши «Дастовардҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар: Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Душанбе-Плаза, Наврӯзгоҳ, Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии Стоматология ва ҶҶР, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерология, ПАГва П ва ғ.
• Расонидани ёрии амалӣ, методӣ-машваратӣ ба китобхонаҳои донишгоҳҳо (Донишкадаи санъат, ДДТХ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Китобхонаи илмӣ-тиббии ВТ ва ҲИА ҶТ; Донишгоҳи технологӣ ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии АГваП; Донишгоҳи аграрӣ, донишгоҳи омӯзгорӣ);
• Гузаронидани семинар-тренинг барои аспирантони донишгоҳ, аспирантони ПИТ АГваП, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии Стоматология ва ҶҶР, ПИТ гастроэнnерология оид ба ҷустуҷӯи иттилоот дар ПМ-и “e-library“, “cyberleninca” “HINARI” ва дигар пойгоҳҳо;
• Фонди китобхона 755799 нусха, аз он ҷумла 521850 (69%) адабиёти чопӣ ва 233949 (31%)-ро захираҳои электронӣ ташкил медиҳад.
• Шумораи хонандагон-9019 нафар;
• Додугирифти адабиёт-333849 нусха;
• Гардиши фонд-2,5;
• Хониш-37,0;
• Давомот-29,7;
• Таъминотнокии раванди таълим бо адабиёт 100%;
• Воридоти адабиёт—324 номгӯй-12825 нусха

Соли 2017

• Фонди умумии китобхонаи илмии донишгоҳ дар 01-уми июни соли 2017 - 763816 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 526748 (69%) нусхаи он адабиётҳои чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 237816 - 31% захираҳои электронӣ мебошад;
• Давомоти хонандагони китобхона дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ - 1398888 адад;
• Додугирифти адабиёт - 141661 нусха;
• Захираҳои электронии китобхонаи илмӣ бо 3119 номгӯй–адабиётҳои тиббӣ ва 18 номгӯй маҷаллаи илмӣ-тиббӣ нашриёти Медиа-сфера ва дигар нашриётҳо, пурра карда шуда,фонди умумии КЭ (захираҳои off-line) ҳамагӣ 237068 захираро ташкил медиҳад.