734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш.Душанбе, х.Рудакӣ, 139

Почтаи электронӣ: lib@tajmedun.tj
info@sinolib.tj

Яндекс.Метрика TJ TJ

Қоидаҳои истифодабарӣ аз китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1.1. 1.1. Қоидаҳои истифодабарӣ аз китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (Қонуни ҶТ аз 02.01.2019г.№1571; аз 22.07.2013 № 1008; 29.12.2010 №679;31.12.2008 №479), Низомномаи китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз 31.01.с.2019 (16.03.с.2018), тартиб дода шудааст.

1.2. Китобхона сохтори таълимию илмӣ, ёридињанда, иттилоотӣ ва фарњангии ДДТТ буда, бо адабиёти илмӣ, таълимӣ, бадеӣ фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадќиќотии донишгоњро, таъмин менамояд.

1.3. Фонди китобхона давлатӣ буда, таҳти муҳофизати давлат мебошад.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КИТОБХОНА

2.1. Тарғиби адабиёт ва иттилооти илмӣ-тиббӣ;

2.2. Кўмак расонидан ба донишгоњ барои тайёр намудани мутахассисони дараљаи олӣ, ташаббускор, ки асоси тибро аз худ намуда, ќарорњои навинро далерона ќабул намуда, онро дар њаёт татбиќ менамоянд, дорои дониши њозиразамон, дорои малакањои роњбарӣ ва ташкилотчигӣ, таълимӣ, малакањои кор оид ба љустуљўи маълумоти электронии тиббӣ, омўзонидани хонандагони китобхона аз истифодаи маълумоти электронӣ, мебошад.

3. ҲУҚУҚҲОИ ХОНАНДАГОНИ КИТОБХОНА

3.1. Ба таври ройгон дар бораи фонди китобхона бо истифода аз феҳрист, маълумот ба даст оранд.

3.2. Дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, аъзои китобхона шавад.

3.3. Ба таври ройгон ва ғайриройгон (барои хонандагони беруна) дар ҷустуҷуй ва интихоби манбаи маълумот, ёрии китобдор пешниҳод карда мешавад.

3.4. Аз фондҳои китобхона ба муҳлати тибқи қоидаҳои истифодаи китобхонаи илмии ДДТТ (ба таври супоридани гарав), барои истифодаи муваққатӣ, ба мӯҳлати муайяншуда, ҳама гуна ҳуҷҷатҳоро дастрас намояд:

3.4.1. Адабиёти илмӣ-тиббӣ ба мўҳлати 15 рўз;

3.4.2. Адабиёти таълимӣ барои курсҳои 1, 2, 3 ба соли хониш ва барои донишҷуёни курсҳои 4, 5, 6 ба як сикл;

3.4.3. Адабиёти бадеӣ ба мўҳлати то 20 рўз;

3.4.4. Матбуоти даврӣ танњо ба толори хониш;

3.4.5. Рисолаҳои илмӣ дар асоси иҷозати муовини ректор оид ба корҳои илмва иноватсия ба толори илмӣ, дода мешавад.

3.4.6. Ба хона бурдани адабиёти камёфт (нодир), маҳаллаҳои тиббӣ, рўзномаҳо ва рисолаҳои илмӣ, қатъиян манъ аст.

3.4.7. Аз шахсоне, ки мўҳлати истифодабарии китобро вайрон мекунад, зарар ҷуброн карда мешавад.

3.4.8. Шахсоне, ки ќоидањои истифодабарии китобхонаро вайрон мекунанд, аз ҳуқуқи истифодабарӣ маҳрум карда мешаванд.

3.5. Барои гирифтани асарҳои чопӣ хонанда бояд дафтарчаи хонандагиро пешкаш намуда, дар формуляри хонандагӣ имзои худро барои ҳар як китоб гузорад.

3.6. Аз дигар намудҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои музднок истифода баранд.

3.7. Хонандагони китобхона дар ҳолати аз ҷониби кормандони расмии китобхона маҳдуд кардани ҳуқуқ ҳояшон, ҳуқуқ доранд ба мақомотҳои болоӣ муроҷиат намоянд.

4. ВАЗИФАҲОИ ХОНАНДА

4.1. Хонанда вазифадор аст, ки қоидаҳои истифодабарии китобхонаро риоя намояд;

4.2. Китобҳоро дар муҳлати муайян супорад;

4.3. Адабиётро аз толори хониш берун набарорад;

4.4. Дар китоб ва ё дигар асарҳои чопӣ хат накашад, надаронад, саҳифаҳоро қат накунад;

4.5. Дар ҳолати дар асари чопӣ ягон нуқсон бинад, бояд дарҳол ба китобдор муроҷиат намояд, то ин ки барои он ҷавобгарӣ нагирад.

4.6. Хонандагони китобхона ҳар сол аввали соли таҳсил бояд аз нав қайд гузаранд. Ба хонандаи аз қайд нагузашта хизмат расонида намешавад.

5. ҶАВОБГАРИИ ХОНАНДАГОНИ КИТОБХОНА

5.1. Хонандагоне, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя накарда, ба китобхона зарар мерасонанд, онро дар ҳаҷми тибқи қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо муайян намуда ҷуброн карда, инчунин дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Моддаи 9 Қонуни ҶТ аз 02.01.2019г.№1571,22.07.2013 № 1008):

5.1.1. Барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи китобхона хонанда аз ҳуқуқи-Хизматрасонӣ ба муҳлати муайяннамудаи китобхона маҳрум мегардад.

5.1.3. Дар ҳолате, ки «Хонанда» китобро гум мекунад, мувофиқи «Қоидаҳои истифодабарӣ аз китобхонаи ДДТТ ба номи Абўали ибни Сино», маблағи зарар дар ҳачми 5- каратаи нархи китоб ба хазинаи Донишгоҳ супорида мешавад ва ё бо китобҳои баробарарзиш барқарор карда мешавад.

5.1.4. Дар мавриди даронидани варақҳо, навиштан ба рўи китоб, фарсуда намудани муқоваи китоб ва аз «Хонанда» товони зарар ба маблағи 25% аз нархи китоб ситонида мешавад. Маблағ аз тарафи «Хонанда» ба Хазинаи донишгоҳ дар асоси роҳхат супорида мешавад.(Замимаи №1).

5.1.5. Дар вақти аз донишгоҳ хориҷ шудан, хонанда бояд ҳамаи асарҳои чопии дар номи ў бударо супорида, ҳатман варақаи азкорравиро пур намуда, аз китобхона оиди қарздор набуданаш, маълумотнома гирад. Дар ҳолати дар вақти муайяншуда, насупоридани адабиётҳо, аз хонанда товони зарар ситонида мешавад (банди 5.3)

6. ВАЗИФАИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНАИ ИЛМӢ ОИД БА ХИЗМАТРАСОНӢ БА ХОНАНДА

6.1. Ба хонандагони китобхона оид ба ҳама намудҳои хизматрасонӣ маълумот диҳад;

6.2. Хизматрасонии китобхонавӣ ва иттилоотию библиографиро дар ҳамаи нуқтаҳои хизматрасонӣ-абонемент, толорҳои хониш, филиал ва китобхонаҳои кафедравӣ, ба роҳ монад.

6.3. Талаботи хонандагони китобхонаро омўхта, онро аз рўи имкониятњои мавҷуда пурра иҷро намояд.

6.4. Фарҳанги хизматрасониро таъмин намуда: ба хонандагон дар интихоби асарҳои чопӣ ба воситаи машварат, дар ҷустуҷўи асарҳои чопӣ ва электронӣ бо истифода аз феҳристу картотекаҳо, пойгоҳҳои маълумот, нишондиҳандаҳо ва дастурҳои библиографӣ, кўмак расонад;

6.5. Дар ҳолати дар китобхона мавҷуд набудани нашрияҳои лозима, бо хоҳиши хонанда аз дигар китобхонањо ба воситаи АБК ба даст оварда шавад.

6.6. Баҳисобгирии адабиётҳои китобхона, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳоро мувофиқи қоидаҳои мавҷуда ба роҳ монад.

6.7. Доду гирифти нашрияҳоро ба роҳ монда, мураттабан сари вакт бозгардонидани онҳоро назорат кунад; Баъд аз 15 рўзи мўҳлатҳои муайяншуда оиди бозгардони-дани адабиёт бо хонанда дар тамос бошад ва ё ба воситаи почта, почтаи электронӣ ё телефон оиди дар мўхлати 10-рўз бозгардонидани адабиёт, мактуб фиристонад. Агар дар мўҳлати муайяншуда нашрияҳо бозгардонида нашавад, ба хонанда мактуби расмӣ оиди бозгардонидан ва ё бар ивази он адабиёти барои китобхона лозимаро фиристонад. Дар мактуб бояд қайд кард, ки дар ҳолати бознагардонидан ва ё иваз накардани нашрия, аз хонанда нархи даҳкаратаи нашрия, ситонида мешавад.

6.8. Аз тарафи китобхона ба хонандагоне, ки аз нав аз қайд нагузаштаанд, хизмат расонида намешавад.

Қоидаҳои истифодабарӣ аз китобхонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар асоси «Низомномаи китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз 31.01.с.2019, тартиб дода шудааст.